Ҳалокати яке аз раҳбарони аршади "Ҳизбуллоҳ"

Бар асари инфиҷори бамб дар Димишқ, пойтахти Сурия яке аз раҳбарони аршади гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” Имод Муғниа ба ҳалокат расид. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, бамб дар зери мошини Муғниа гузошта шуда буд. Намояндаи “Ҳизбуллоҳ” дар куштори яке аз раҳбарони аршади гурӯҳ мақомоти Исроилро муттаҳам кард. Дафтари сарвазири Исроил аз шарҳи ҳодиса сарпечӣ намуд. Мақомоти Сурия то ҳанӯз ин ҳодисаро ташреҳ накардаанд.

Имод Муғниа бахши амалиётҳои вижаи “Ҳизбуллоҳ”-ро раҳбарӣ мекард. Гуфта мешавад, ки ӯ як идда ҳамлаҳо ба муассисаҳои Исроилро тарҳрезӣ карда буд.