Ҳукумати Австралия ба хотири муомилаи норавои солҳои пеш дар нисбати мардуми бумии ин кишвар, яъне аборигенҳо маъзаратхоҳӣ намуд. Бо тақозои сарвазир Кевин Руд вакилони мардумӣ қароре қабул намуда, аз номи тамоми мардуми Австралия аз аборигенҳо узр хостанд. Овоздиҳии рӯзи чоршанберо мустақиман дар телевизион нишон доданд. Ҳамзамон ин ҷаласа дар майдонҳои бузург намоиш дода шуд. Солҳои пеш дар чорчӯби сиёсати ҷазбу ҳамоиши мардуми бумӣ мақомоти Австралия даҳҳо ҳазор аборигенро зӯран аз падару модар ҷудо карда буданд.