Дар Доғистон 3 чирикӣ ва 1 афсар кушта шудаанд

Мақомоти Русия мегӯянд, субҳи имрӯз дар як даргирӣ дар ноҳияи Бобоюрти ҷумҳурии Доғистон 3 чирикӣ ва 1 афсари нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Матбуоти Русия аз қавли мақомоти милиса навишт, ки нирӯҳои милиса ва амният дар як манзили хусусӣ дар ин минтақа як гурӯҳи чирикиҳоро гирд карда буданд. Баъдтар як афсари дигари милиса дар роҳ ба сӯи маҳалли ин даргирӣ дар асари таркиши бомби рӯироҳ захмӣ шуд.

Доғистон як ҷумҳурии ҳамҷавор бо Чеченистон буда, тайи солҳои ахир ба яке аз саҳнаҳои рӯёрӯӣ байни нирӯҳои давлати Русия ва чирикиҳои исломӣ табдил ёфтааст.