Мактаб дар ҷои манзилҳои зист

Ҷамъе аз сокинони маҳаллаи Лучоби поёни ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зимни шикояте ба унвони мақомоти расмӣ ва расонаҳо гуфтаанд, мақомоти шаҳрдории пойтахт мехоҳанд дар фасли сармо онҳоро аз хонаҳояшон берун кунанд ва дар ҷои манозили онҳо мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ бино кунанд.

Сокинони Лучоби поён мегуянд, тибқи қарори шаҳрдорӣ мебоист то 2 январ онҳо манозили худро тахлия мекарданд ва сохтмони мактаб оғоз мешуд. Аммо ин сокинон ба далели он ки то кунун мақомот бар ивази тахриб кардани манозилашон ҷои зиндагии муносибе барои онҳо пешниҳод накардаанд, ҳозир ба тарки хонаҳояшон нашудаанд. Ба гуфтаи ин сокинон, мақомот ба шаш хонавода ҷой барои бунёди манзил ва барои танҳо як хонаводаи дигар манзили чорҳуҷраӣ пешниҳод кардаанд. Вале, мегуянд онҳо, имкони сохтани манзили маскуниро надоранд ва зиёда аз он дар фасли сармо агар хонаҳояшонро тарк кунанд, ҷое низ барои рафтан нахоҳанд дошт.

Тоҷинисо Кенҷаева - яке аз сокинони ин маҳалла ва муаллимаи мактаби миёнаи рақами 47, ки бояд бозсозӣ шавад, мегуяд, барои ӯ як хонаи чорҳуҷраӣ пешниҳод кардаанд, ки баробар ба манзили феълияш нест. Изатулло Раҳмонов - яке дигар аз сокинони Лучоби поён мегуяд, 28 нафар узви хонавода дорад ва барои онҳо танҳо се сотих замин дар Ховарон пешниҳод шудааст.

Ҳамаи ин дар ҳолест, ки мақомоти марбутаи шаҳрдорӣ зимни суолҳои мукаррари мо ё аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекарданд ва ё изҳори беиттилоӣ ва ҳам суҳбат дар ин масъаларо ҷузъи масъулияти мақомоте дигар унвон мекарданд. Саъдулло Муҳиддинов - сардори шуъбаи манзили шаҳрдории Душанбе аз ҷумла гуфт, танҳо онро медонад, ки барои 620 нафар мактаб сохта шавад, дигар чизе намедонад.

Сухангу ва масъулини дигари шаҳрдорӣ низ ҳозир нашуданд бештар аз ин дар марвиди қазияи мазкур маълумот ироа кунанд.

Аммо сокинони маҳаллаи Лучоби поён мегуянд, то замоне, ки посухи аризаҳои худ ба унвони мақомот ва дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳурро дарёфт накунанд, ҳозир ба тарки манозили худ нахоҳанд шуд.