Арзи онҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз тахриби манзилҳояшон мебошад, ки ҳукумати ноҳия сохтмони ҳудуди 400 манзил дар деҳаи Зайнабободро ғайриқонунӣ дониста ва дастури тахриби онҳоро содир кардааст.
Дар дастгоҳи президенти кишвар намояндаи ин занҳои ҷамъомада Бибиҳаво Аъзамқуловаро пазируфта ва ба қазияи онҳо ошно шудаанд. Баъдан хонум Аъзамқулова изҳор намуд, ки нафаре ӯро дар пазируфта, худро муовини раиси дастгоҳ муаррифӣ кардааст. Ба қавли ин зан, муовини раиси дасгоҳи президенти Тоҷикистон асноди манзилҳои онҳоро ғайриқонунӣ унвон кард ва намояндаи ҳукумати ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Зайнабобод ва додситонии ноҳияро даъват карда, сари ин мавзӯъ бо онҳо суҳбат намуд.
Бибиҳаво Аъзамқулова мегӯяд: «Аммо номаи саркушодаи мо ба унвони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро сабти ном карда ва ваъда доданд, ки арзи онҳо ба раиси ҷумҳур расонда хоҳад шуд».
Ӯ ҳамчунин гуфт, дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба онҳо гуфтаанд, фардо ба ҳукумати ноҳия муроҷиат мекунанд ва натиҷаи ин суҳбатҳоро барояшон маълум хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол Раҷабгул Бобоалиева, яке аз занҳои аз ҷамоати Зайнабобод омада шиква аз он мекунад, ки ба ҳарфи онҳо дар ҳеҷ мақомоте гӯш намедиҳанд.
Аммо дар ҳамин ҳол Муҳаммадраҳим Юсуфов, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои расидагӣ ба ин қазия ба дастгоҳи раёсати ҷумҳур даъват шуда буд, гуфт, қитъаи замин барои ҳудуди 400 хонаводаи ҷамоати Зайнабобод аз сӯи корхонаи «Паррандапарвар» ва ҷамоати деҳоти Зайнабобод ғайриқонунӣ тақсим шудааст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дастур гирифтаанд, то чанд муддати дигар аз тахриби ин манозил дар ҷамоати Зайнабобод худдорӣ варзанд. Зеро, ба таъкиди ӯ, феълан ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ имкони ба сокинони ин ҷамоат додани қитъаи замин барои манзилсозиро надорад.
Дар поёни суҳбат оқои Юсуфов таъкид намуд, ки дар сурати ғайр онҳо метавонанд хисороти моливу маънавии худро аз афроди дар ин қазия гунаҳкор аз тариқи мурофиъаи додгоҳӣ биситонанд.