Ду хабарнигоре, ки дар Ироқ барои шабакаи телевизони амрикоии CBS кор мекарданд, дар шаҳри Басра, дар ҷануби Ироқ нопадид шудаанд. Мақомоти CBS гуфтаанд, ки онҳо ба хотири пайдо кардани хабарнигорони ғайбзада аз худ дареғ нахоҳанд дошт.
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли пулиси Ироқ ва шоҳидон навишт, ки хабарнигорон рӯзи якшанбе, 10 феврал аз ҳотеле, ки дар Басра ба сар мебурданд, тавассути афроди ниқобпӯши мусаллаҳ рабуда шудаанд.