Рӯзи душанбе вазорати мудофиаи ИМА иттиҳомоти 6 фарди муттаҳам бо тарҳрезии ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001-ум болои шаҳрҳои ИМА-ро эълон кард.
Яке аз муттаҳамҳо Холид Шайх Муҳаммад аст, ки худро сарпарасти ҳамлаҳо болои Нюйорку Вашингтон меномад. Ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001-ум ҳаёти беш аз 3000 нафарро аз байн бурдаанд.
Сухангӯи Пентагон генерал Томас Ҳартман гуфт, ки агар гуноҳи муттаҳамҳо собит шавад, эҳтимол онҳо ба эъдом маҳкум шаванд.
" Агар мақоми муҳокима: додгустар хонум Сюзан Кровфорд, салоҳ бинад, ки муҷозоти муттаҳамҳо ҳукми олӣ бошад, онҳо эҳтимол эъдом шаванд."
Шаш муттаҳам дар боздоштгоҳи Гуантанамо нигаҳ дошта мешаванд ва муҳокимаи онҳо дар ҳамон пойгоҳ баргузор хоҳад шуд.
Ин аввалин маҳбусони Гуантанамо ҳастанд, ки мустақиман бо даст доштан дар ҳамлаҳои соли 2001-ум муттаҳам мешаванд ва ин аввалин бор аст, ки мақомот ҳукми эъдом талаб кардаанд.