Тақозои ИМА аз Қазоқистон

Ёвари вазири хориҷаи Амрико Ричард Баучер аз Қазоқистон тақозо кард, ки тааҳҳудоти худро барои анҷоми ислоҳоти саросарии сиёсӣ дар остонаи шурӯи раҳбарии давраии ин кишвар дар САҲА иҷро кунад. Дар аввал ИМА мухолифи раҳбарии Қазоқистон дар ин созмони бонуфузи аврупойӣ буд, аммо баъд, вақте Қазоқистон ӯҳдадор шуд, ки низоми сиёсии кишварро озодтар мекунад, ба ин пешниҳод розӣ шуд. Қарор аст, соли 2010 Қазоқистон барои як сол раҳбарии ин созмонро ба дӯш гирад. Тавзеҳоти оқои Баучер имрӯз тавассути почтаи электронӣ аз ҷониби сафорати Амрико дар Қазоқистон баъди мулоқоташ бо раиси ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев пахш шуд.