Муҳаммад Бародай, раиси ожонсии байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дар анҷумани амниятии Мюних гуфтааст, қочоқи дар ҳоли афзоиши маводи ҳастаӣ солона ҳудуди 150 мавридро ташкил дода, ба як сатҳи изтиробаншез наздик мешавад. Оқои Бародай мизони афзояндаи чунин ҳодисотро як чизи мудҳиш хондааст. Раҳбари ожонси назорати нирӯи ҳастаӣ изҳори нигаронӣ кардааст, ки гурӯҳҳои тундрав них метавонанд даст ба чунин мавод биёбанд.