Вазирони дифоъи кишварҳои узви Паймони НАТО аз мақомоти Афғонистон даъват карданд, ки барои эътидоли вазъ дар кишвар талошҳои бештар ба харҷ диҳанд. Рӯзи дуввуми нишасти вазирони дифоъи НАТО дар шаҳри Вилнюс – пойтахти Литва бо баррасии масоили Афғонистон шурӯъ шуд. Яаап Де ҳуп Схеффер, Дабири кулли Паймон изҳор кард, ки “идораи Афғонистон бояд ба таври назаррас беҳбуд ёбад, то афғонҳо ба раҳбарони худ эътимод дошта бошанд, пулиси кишвар ба кумаки чиддӣ ва оҷил ниёз дорад, иқтисоди қавӣ бояд ҷойи иқтисоди побанди маводи мухадирро бигирад”. Ӯ афзуд, ки “артиши Афғонистон бояд аз кумаки бештари НАТО бархурдор бошад, то кишварро мустақилона ҳимоя кунад”.
Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико гуфт, ки ихтилофи назари кишварҳои узви НАТО дар робита ба интиқоли неруҳои иловагӣ ба манотиқи доғи Афғонистон бӯҳрон дар дохили Паймонро ба бор овардааст.