Матбуъоти эронӣ иттилоъ медиҳад, ки додгоҳи дувуми Теҳрон ҳоло макони иҷрои ҳукми эъдомро муайян накардааст ва маҳкумшуда 20 рӯз мӯҳлат дорад ба додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат кунад.
Тибқи қавонини Эрон шахсе, ки бори чаҳорум ҳангоми нӯшидани шароб дастгир мешавад, бояд ҷазои сангинтарин бинад. Қаблан Муҳсин се бор: моҳҳои май, июн ва октябри соли 2006 барои истеъмоли алкоҳол муҷозот шуда буд. Вакили дифоъи ӯ, Азиз Нокандӣ ба хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, ки шахси зери ҳимояташ ба наздикӣ барои мастиву бетартибӣ боздошт гардид.
Баъд аз инқилоби Исломӣ соли 1979 нӯшидани алкогол дар Эрон мамнуъ аст.
Қозии додгоҳи ҷиноии Теҳрон, Ҷалил Ҷалилӣ изҳор намуд, ки содир кардани ҳукм дар баробари Муҳсин кори мушкил набуд, чунки тибқи шариат ҳар касе, ки ду бор барои нушидани шароб дастгир шуда буду муҷозот дидааст, бори севум бояд ҳатман эъдом шавад.
Бо вуҷуди ин, баъзе вакилони дифоъ бар ин назаранд, ки қатли чунин ба ном “қонуншиканон” нақзи қавонини Эрон аст, бо сабаби он ки Теҳрон узви ҷомеъаи ҷаҳонӣ мебошад ва уҳдадориҳои байналмилалӣ дорад.
Муҳаммад Алӣ Додхоҳ, узви анҷумани мустақили вакилони дифоъ, ва соҳиби ширкати адвокатӣ ба радиои Озодӣ гуфт, қатли шаҳрванд танҳо ба хотири маст буданаш мухолифи қонунҳои Ҷумҳурии Исломӣ мебошад, чунки Теҳрон Эъломияи байналмилалии ҳуқуқи инсонро имзо кардааст.
Бо вуҷуди он ки нушидани шароб ва машруботи алкоҳолдор дар Эрон мамнуъ аст ва хатари гирифтани муҷозот вуҷуд дорад, бисёри эрониҳо ин қоидаву қонунҳоро вайрон мекунанд. Мақомоти Теҳрон тасдиқ кардаанд, ки истеъмоли алкогол дар солҳои наздик афзоиш ёфт ва эрониҳо ҳар сол дастикам як миллион литр алкоҳол менушанд. Алкоголро ба осонӣ мешавад дар бозори “сиёҳ” харидорӣ намуд.
Ба ақаллиятҳои насронии Эрон ба мисоли арманиҳо, тавлид ва истифодаи алкоҳол расман иҷозат дода шудааст. Аз онҳо талаб мешавад, ин гуна машруботро танҳо дар хилват истеъмол кунанд ва мусалмононро нороҳат накунанд.
Кишварҳои Ғарб ва гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар пайваста Теҳронро барои теъдоди хеле зиёди ҳукми эъдом интиқод мекунанд. Аз ин нишондодҳо Эрон дар ҷаҳон дар сафи аввал аст.
Бо вуҷуди ин, ҳукми эъдом барои нушидани шароб дар Эрон ҳам рӯйдоди ғайри маъмулист.