Соли нав дар Русия аз болоравии нархҳои манзилу нирӯи барқ, кирояи роҳ ва машрубот шурӯъ шуд. Ҳамчунин дар Маскав иҷораи хона низ даҳ дар сад боло рафтааст. Нархи машрубот ва сигор дар Русия ҳар сол боло меравад, вале чуноне ки маълум мешавад, мардуми Русия ба болоравии алкоҳол ва сигор аҳамият намедиҳанд. Павел Шапкин, раиси иттиҳодияи «Алкоҳоли миллӣ», болоравии нархи машруботро ин бор асосан ба афзоиши қимати аксиз ё худ молиёти собите, ки болои фуруши машрубот андохта мешавад, иртибот медиҳад ва мегӯяд: «Агар нархи аксизи як литр спирт аз 159 то 162 рубли русӣ бошад, нархи як шиша шароб 40 дар сад боло меравад ва нархи аксизи обиҷав ва дигар коктейлҳое ки дар таркибашон алкоҳоли кам доранд, ду баробар боло мераванд.»
Соли гузашта бозори машруботи Русия хеле ноором буд ва чанд мавҷи афзоиши қиматҳоро пушти сар кард. Иллати афзоиши нархи машрубот пеш аз ҳама маҳдудиятҳои ҷоришуда дар роҳи фурӯшоти арақу май ва соъир анвоъи нӯшокиҳои алкоҳолӣ будааст. Дар баробари омили аксиз, талоши мақомот барои ҷилавгирӣ аз марги мардуми шаробхор ба маҳзи истифодаи машруботи қалбакӣ, ҷанҷоли уфтода бар сари воридоти шаробҳои гурҷиву молдованӣ аз омилҳои тақрибан то ду баробар боло рафтани нархҳо дар бозори машруботи Русия дар тӯли соли гузашта дониста мешаванд. Соли гузашта нархи сигор низ дар Русия ду баробар боло рафта буд.
Аммо муовини ширкати «Табакпром» Виктор Стефашин мегӯяд, ки болоравии нархи машрубот дар тамоми дунё мушоҳида мешавад ва ҳамин тавр қимати аксиз низ ҳамеша боло меравад: «Дар Русия нархи сигор ва маводи алкоҳол яке аз арзонтарин дар тамоми дунёст, вале аз ҳама муҳим ин аст, ки болоравии нарх набояд якбора бошад, чунки агар нархи акцизро якбора бардоранд, ин бозори алкоҳолро ба ҳам хоҳад зад.»
Бино ба оморҳои расмӣ, 63 дар сади мардуми Русия сигор ва аз маводи алкоҳол истифода мекунанд. Ҳар сол ба иллати сигоркашӣ ва истифодаи машрубот дар Русия беш аз 300 ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.