Ширкати Газпроми Русия таҳдид кардааст, ки агар дар давоми 15 рӯз Киев 1,5 миллиард доллар қарзашро баратараф накунад, ин ширкати русӣ интиқоли гази табиӣ ба Украинаро коҳиш медиҳад.
Сухангӯи Газром Сергей Куприянов мегӯяд, дар ин ҳол фақат содироти Газпром коҳиш меёбад ва он газе, ки ба воситаи Русия аз Осиёи Марказӣ ба Украина содир мешавад, бидуни маҳдудият интиқол меёбад.
Ду сол пеш аснои баҳси нархи газ Русия муваққатан содироти маводи сӯхт ба Украинаро мутаваққиф карда буд.
Он вақт содироти гази Русия ба Иттиҳодияи Аврупо ҳам коҳиш ёфта буд.
Вале ҳоло комиссари энергетикии Иттиҳодияи Аврупо Андрис Балди смегӯяд, Газпром ваъда додааст, ки содироти газ ба Аврупо бидуни маҳдудият идома хоҳад дошт.