Сардори корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» Шагарф Муллоабдолов гуфт, 10 нафар шаҳрванди Инглистон изҳори омодагӣ намудаанд, ки баҳори имсол аз рӯи хатсайри махсус минтақаи Бадахшонро аспсавор тамошо кунанд. Вай афзуд, ин сайёҳон аз гузаргоҳи марзии Саритош аз Қирғизистон вориди қаламрави кишвар шуда, минтақаи Бадахшон ва долони Вахонро, ки қисмате аз ҳудуди Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистонро дар бар мегирад, тай мекунанд.
Ба ақидаи масъули хадамоти сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қабл аз ҳама манзараҳои зебои куҳистон, шабҳои моҳтобӣ дар Помири Шарқӣ ва ёдгориҳои бостонӣ қарор мегиранд, аммо беш аз як садсола қабл дар маркази бархурди манфиатҳои геополитикии ду абарқудрат -Русия ва Инглистон қарор гирифтани Помир ва эҷоди хати марз яке аз сабабҳои дигари ҷалби сайёҳон ба минтақа шудааст. Вай баён дошт, алҳол бештари сайёҳон аз Зоркул дидан мекунанд, ки ин кул аз ҷониби нахустин саёҳони аврупоӣ ба минтақа кули Виктория ном гирифта буд.
Сардори корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» изҳор дошт, ки бино бар арқоми ғайрирасмӣ, аз баҳор то тирамоҳи соли гузашта ҳудуди 1,5 то 2 ҳазор нафар сайёҳони хориҷи кишвар аз Бадахшон дидан карданд ва онҳо интизор доранд, ки ин раванд дар ҳоли афзоиш хоҳад буд. Вай афзуд, ки бештари ашхоси вурудӣ сайёҳони озод буданд, ки раводиди боздид аз Тоҷикистонро бо худ доштаанд.
Дар ҳамин ҳол вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои барқарорсозии Қалъаи Вомар - воқеъ дар ноҳияи Рушон 50 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст. Сардори идораи фарҳанг дар Бадахшон Муҳиддин Пайшанбиев изҳор дошт, ки дар Бадахшон зиёда аз 2 ҳазор номгуи ёдгориҳои бостонӣ ва нигораҳои таърихӣ мавҷуд ҳастанд, ки бештари онҳо дар ҳолати харобӣ қарор дошта, ба таъмиру тармим ва барқарорсозӣ ниёз доранд.
Мақомоти вилояти Бадахшон рушди сайёҳиро дар минтақа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият унвон карда, интизор дорад аз ин ҳисоб маболиғи бештар ба буҷа ворид кунад.