Иттиҳоди Аврупо имзои як қарордоди сиёсӣ бо Сербистонро, ки барои рузи панҷшанбе ба нақша гирифта шуда буд, ба таъхир андохт. Оллӣ Реҳн-кумиссари тавсеъаи Аврупо гуфт, сабаби таъхир дар имзои қарордод ин аст, ки баъзе сиёсатмадорон дар Белгрод мушкил пеш овардаанд:"Мо аз мушкили пешовардаи баъзе сиёсатмадорон дар Белгрод амиқан изҳори таассуф мекунем. Онҳо маросими имзои рузи панҷшанберо ба мушкил ру ба ру карданд. Ба назари ман онҳо садои мардуми сербро, ки якшанбеи гузашта ба нафъи ояндаи Сербия дар Иттиҳоди Аврупо рай доданд, натавонистанд бишнавнд, райе, ки зиндагии беҳтар ва ҳуқуқи шаҳрвандонро таъмин мекард"
Войислав Каштуница-нахуствазири Сербистон аз пешниҳоди Иттиҳоди Аврупо интиқод кард ва гуфт, ин як макрест, ки мехоҳанд бад-ин тартиб Сербия истиқлоли Косоворо ба расмият бишносад.