Хабаргузории Исно-и Эрон гузориш медиҳад, ки як ҷавони эронӣ бо ҷурми майнӯшии пай дар пай ба марг маҳкум шудааст. Ҷавони 22-солаи эронӣ, ки се дафъа барои майнӯшӣ ва халалдор намудани назму субот ҳабс шудааст, бори дигар дар Теҳрон дар ҳолати мастӣ дастгир шуд. Вакили мудофиаи ин ҷавон мегӯяд, ҷавон аз кори кардааш пушаймон аст ва шояд додгоҳ ҳукми ӯро тағйир диҳад. Бар пояи шариати исломӣ нӯшидани шароби алкоҳолӣ манъ мебошад. Дар Эрон ҳар шахсе, ки бо майнӯшӣ боздошт мешавад, бори аввалу дуюм бо пардохти пул ва шаллоқ раҳо мешавад, вале вақте фард бори сеюм дар ҳолати мастӣ дастгир мешавад, аз рӯи қонунҳои Ҷумҳурии исломӣ бояд ба марг маҳкум шавад.