Украина имрӯз аз солгарди 25-уми таркиш дар нирӯгоҳи ҳастаии Чернобил ёд мекунад. Рӯзи 26 апрели соли 1986, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, реактори чоруми Чернобил таркид ва мавҷи радиатсияро ба фазои бахши аъзами Аврупо пароканд. Бештар аз ҳама аз ин садама Украинаву Беларус ва Русия хисорот дидаанд. Ин фалокат фаҷеътарин фалокати ҳастаии дунё шинохта мешавад. Қарор аст, имрӯз дар расми ёдбуди солгарди 25-уми садама дар Чернобил руасои ҷумҳуриҳои Украинаву Русия Виктор Янукович ва Дмитрий Медведев ширкат кунанд. Асқафи калисои православии Русия Кирилл ба мардуми ҷамъшуда дар расми ёдбуди қурбониёни Чернобил гуфт, ҷаҳон фалокати бадтар аз Чернобилро дар даврони осоишта ёд надорад.
Бино ба иттилоъи созмони «Союз-Чернобил», дар амалиёти рафъи авоқиби садамаи Чернобил 2150 нафар аз Тоҷикистон ширкат кардаанд. Аз ин шумор то имрӯз 170 нафар даргузашта, 800 тан маълули гурӯҳи як ё ду шудаанд.