2150 собиқадори Чернобил аз Тоҷикистон

Бино ба иттилоъи созмони «Союз-Чернобил», дар амалиёти рафъи авоқиби садамаи нирӯгоҳи ҳастаии Чернобил 2150 нафар аз Тоҷикистон ширкат кардаанд. Аз ин шумор то имрӯз 170 нафар даргузашта, 800 тан маълули гурӯҳи як ё ду шудаанд. Шумори атфоли маълуле, ки дар хонаводаҳои собиқадорони Чернобил дар Тоҷикистон ба дунё омадаанд, 860 нафар баровард мешавад.