Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Мен Дзнҷу -вазири амнияти мардумии Чин ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Оқои Раҳмон Чинро шарики боэътимод ва ҳамсояи наздики Тоҷикистон хонд ва аз ҳамкориҳои ҳар ду ҷониб изҳори қаноатмандӣ кард. Дар мулоқот бо Мен Дзнҷу мубориза бо терроризми байналмиллалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи фаромарзӣ баррасӣ шуд. Қаблан вазири Чин бо Абдураҳим Қаҳҳоров-вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ мулоқот ва мувофиқатномае имзо карданд, ки тибқи он Чин ба маблағи 3 миллион юан таҷҳизот дар ихтиёри полиси Тоҷикистон мегузорад.