Бино ба гузоришҳо аз Сурия, шаби гузашта нируҳои амниятии ин кишвар бо ҳимояти нируҳои зиреҳдор ба шаҳраки Даръо даромадаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира аз қавли шоҳидони айнӣ хабар додааст. Ин шабакаи телевизионӣ дар бораи кушторҳо низ гузориш додааст, вале ҷузъиёти онро пахш накардааст. Даръо шаҳракест, ки 5 ҳафта пеш тазоҳуроти эътрозии зидди давлати Башор Асад оғоз шуда буд.