Ҳар рӯз даҳҳо нафар занг мезананд ва аз сар задани сӯхтор хабар дода, хостори кӯмак мешаванд.
Телефонҳои 30 муштарии ширкати мобилии «T-Cеll" ва ё «Индиго», ки аз ҳама бештар ба хадамоти оташнишонӣ дар Хоруғ занг задаанд, якбора хомӯш гардид. Ширкатҳо ба дунболи баррасии шикояти Хадамоти сӯхторнишонӣ ин муштариёнро аз хидмати хеш маҳрум карданд.
Ба гуфтаи муовини сардори Хадамотиоташнишонии Хоруғ, Анвар Шолангаров, ҳамарӯза аз тариқи зангҳои телефонӣ зиёда аз 75 хабари сӯхтори бардурӯғ ва кӯмак хостан дар хомӯш кардани он ворид мешавад. Ҳарчанд кормандони хадамот то ба ҳол ба доми чунин зангҳо наафтодаанд, вале ин "шӯхиҳо" ба кори онҳо халал мерасондад ва онҳоро асабонӣ мекунад.
Аҷобати кор ин аст, ки зангзанандаҳо асосан дар он сӯи марзи Тоҷикистону Афғонистонанд, ки ба хадамоти ширкатҳои мухобираи бесими Тоҷикистон даст ёфтаанд.
Ҷаноби Шолангаров ба Радиои Озодӣ гуфт: "Таблограмма нишон медиҳад, азбаски занг задан ба рақами 01 бепул аст, як нафар дар 4 дақиқа 12 бор ба ин хадамот занг задаст. Кормандони мо пеш аз ба ҷойи сӯхтор рафтан аниқ мекунанд, аз лаҳҷаи шахси муроҷиаткунанда ҳам пай мебарем, ки онҳо сокинони деҳоти марзии кишвари ҳамҷавор ҳастанд, ширкат аз чунин дӯстдорони ашадии занг задан моро халос кард, вале ҳоло низ чунин зангҳо ҳастанд."
Хадамоти оташнишонии Бадахшон тайи нома аз раёсати амнияти вилоят дархост кард, ки онҳоро аз масхабарбозиҳои телефонӣ халос кунанд.
Намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар минтақа мегӯянд, ки симкорт ба ҳар як муштарӣ дар асоси пешниҳоди шиноснома дода мешавад ва барояшон чӣ тавр ба дасти сокинони деҳоти марзии кишвари ҳамсоя афтодани шумораҳои телефонӣ муаммо мебошад.
Аммо Нуралии Толибек, як нафар фурӯшандагон бозори марзии "Тем"-и Хоруғ мегӯяд, ки симкортҳо ва ё рақами инфроди барои муштариён фақат ба таври расмӣ ва дар асоси шиноснома дар намояндагиҳои ширкат, ки дар Бадахшон фаъолият мекунанд, дода мешаванд, вале онҳо фақат корти пур кардани телефонро мефурӯшанд ва барояшон фарқе надорад, онро кӣ харидорӣ мекунад. Вай гуфт: "Мо фақат корт мефурӯшем барои пур кардани телефон, фарқ нест, ки онро шаҳрванди тоҷик мехарад ва ё афғон."
Сокинони деҳаи Башори вулусволии Шуғнони Афғонистон Саидбек валади Мамадбек ва Наҷибулло Атоӣ мегӯянд, бештари ҷавонони деҳоти марзии вулусволиашон муштариёни «T-Cеll» ё «Билайн» мебошанд, зеро хизматрасони ширкати мобилии афғонии «Рӯшан» барояшон ба маротиб гаронтар аст. Ба гуфтаи онҳо, ҳар як хонаводаи деҳоти марзӣ дар тарафи дигари хатти марз хешу табор ва ё шиносҳо дорад ва бо кӯмаки онҳо симкорт дарёфт мекунанд.
Ба гуфтаи Наҷибулло, онҳое, ки телефонро ба бозича табдил медиҳанд, бачаҳои хурдсол ва наврасонанд, ки масрафаша намефаҳманд, ба куҷо тамос гирифтанаша намефаҳманд ва вақте бародар ва ё падарашон телефонро дар хона мемонад, бепурсиш мегиранд ва занг мезананд.
Дар ҳамин ҳол масъулони Раёсати оҷонсии назорати маводи нашъадор дар Бадахшон бо вуҷуди он ки ба густариши шабакаҳои телефони ҳамроҳ дар ҳар ду тарафи марз назари мусбат доранд, аммо мегуянд, қочоқбарон ҳам аз хадамоти ин шабака барои танзим ва иҷрои амалиёти интиқоли маводи мухаддир истифода мекунанд.
Аммо ба иддаои Саидбек ва Наҷибулло, ки дар бозори муштараки марзӣ тиҷорат мекарданд, бештари сокинони деҳоти марзӣ телефонҳои ҳамроҳро барои осон намудани корҳои тиҷоратӣ ва тамос гирифтан ба ҳамдигар чун василаи зарурии рӯзгор истифода мекунанд.
Котиби намояндагии Афғонистон дар Хоруғ Нисор Аҳмадӣ бар ин аст, ки истифодаи шабакаҳои телефони ҳамроҳ дар ҳарду тарафи марз муфид аст ва корбасти нодуруст набояд сабаби ақибнишинии шабакаҳо шавад. Ҳамзамон вай аз қатъи хидмат ба онҳое, ки телефони ҳамроҳро ба василаи дилхушӣ ё масхарабозии алайҳи дигарон табдил додаанд, пуштибонӣ мекунад.
Мисли ӯ бисёриҳо нигаронанд, ки рӯзе Хадамоти сӯхторнишонӣ мумкин аст, ба занги телефоние бовар накунад, ки дар ҳақиқат аз сӯхтору фалокат хабар медиҳад.
Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти
Азбаски занг задан ба рақами 01 бепул аст, як нафар дар 4 дақиқа 12 бор ба ин хадамот занг задаст...