Муассисони марказ мегӯянд, ҳадафи онҳо тарғиби фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоист.
Ин марказ талош хоҳад кард, муҳоҷирони тоҷики муқими Белгия, Ҳолланд ва Люксембургро ба ҳамкорӣ даъват кунад.
Дирк Ванденпут-ҳамраиси марказ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Барномаи мо аслан муаррифии фарҳанги тоҷикон на танҳо ба мардуми Белгия ё Люксембург, балки фаротар аз он дар Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Ба он муаррифии осори аккосиву наққошӣ ва умуман осори ҳунарӣ дохил мешавад, ки ба ин кор ҷамъиятҳои тоҷики муқими Аврупо ва шахсиятҳои дигареро, ки дар Аврупо ба ин фарҳангу ҳунар алоқа доранд, ҷалб хоҳем кард”.
Ҷаноби Ванденпут мегӯяд, ин марказ ғайритавлидотӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад, вале ҳақ дорад ҳамоишҳову намоишгоҳҳо ташкил ва бо ниҳодҳои фарҳангии аврупоӣ ҳамкорӣ кунад. Аз ӯ мепурсам, оё дар ин марказ ба узвият мепазиранд ва чӣ касоне метавонанд ба узвияти ин марказ дароянд?
Посухи ҷаноби Ванденпут: “Узвият дар ин марказ озод аст. Аъзои он метавонанд дар густариши фаъолияти ин марказ саҳм бигиранд. Онҳо метавонанд шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд, ононе, ки дар Белгия зиндагӣ мекунанд ё дар кишварҳои дигари аврупоӣ. Дар он шахсоне ҳам хоҳанд буд, ки шаҳрванди Тоҷикистон нестанд, вале ба фарҳанги тоҷикон дилбастагӣ доранд ва корашон бо он иртибот дорад. Масалан, муҳаққиқон, ононе, ки ба бостоншиносӣ ва таърих дилбастагӣ доранд. Албатта, ононе низ хоҳанд буд, ки мехоҳанд умуман дар бораи Тоҷикистон маълумот дошта бошанд”.
Сафорати Тоҷикистон дар Белгия низ дар ташкили ин марказ ба созмондиҳандагон кӯмак кардааст. Рустамҷон Солиев, сафири Тоҷикистон дар Белгия ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин марказ кӯмак хоҳад кард, то ин он дар баробари ташкили сафари ҳунарии ҳунармандони Аврупо ба Тоҷикистон ва баръакс гурӯҳҳои ҳунарии Тоҷикистон ба Аврупоро созмон диҳад:
“Мо кӯшиш мекунем, ки спонсорҳо пайдо кунем ва рассомонро ба ин ҷо орем, то асарҳои худро дар ин ҷо ба намоиш гузоранд. Олимонро меорем, то дар ин ҷо сухан кунанд. Гурӯҳҳои фолклориро ба ин ҷо меорем, то консертҳо намоиш диҳанд. Албатта, аз Тоҷикистон ба ин ҷо меорем, ба Аврупо меорем.”
Толеа Тоҳирова яке аз муҳоҷирони тоҷики Белгия аст, ки 10 соли пеш бо ду фарзандаш ба ин кишвар омадааст. Вай низ дар ташкили созмон бо муҳоҷирони тоҷики муқими Белгия саҳм дорад. Аз вай мепурсам чаро ба ин кишвар муҳоҷират кардааст?
“Шумо медонед, пештар ҳаёт дар Тоҷикистон чӣ қадар мушкил буд. Ман ду писар дорам, шавҳар надоштам, хеле тарсидам, ки бо писарони ман чӣ мешавад, ман инҳоро муҳофизат карда наметавонам. Мисли ҳамаи модарон, ки осоиши фарзандони худро мехоҳанд, фикри фарзандро кардам. Маҷбур шудам, ба ин ҷо омадам. Лекин як чиз мегӯям, ки ҳеҷ вақт дар ҳеҷ ҷо мо шоҳ шуда наметавонем. “Нон”-и ғарибӣ сахт аст.”
Хонум Толеа дар Белгия ҳамшираи шафқат аст ва фарзандонашро дар ин ҷо оиладор кардааст. Аз вай мепурсам, оё бо ин кор дар як кишвари аврупоӣ зиндагиро пеш бурдан мумкин аст. Вай гуфт, мумкин аст, вале дар идома шеъри Камолро замзама кард:
"Зиндагиро гузарондан мумкин. Лекин...
Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб?
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то кай гардам бесару бепо ғариб?
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ чӣ донӣ ҳоли мо?
Меҳнати ғурбат набинад ҳеҷ кас, ило ғариб...
Толеа ин ҷо сукут мекунад ва бо садои ларзон идома медиҳад:
“Ҳар вақт рафтед, аз дилатон гӯед ”Салом, Тоҷикистон” аз номи одамоне, ки дар кишварҳои дур зиндагӣ мекунанд. Ин қадар Тоҷикистонро дӯст медорам... ин қадар дӯсташ медорам..., ҳамеша ман ҳамин хел инсон будам...“
Ва бадоҳатан дар бораи Тоҷикистон бо ҳамон садои ларзон ва қалби саршор аз меҳри ватан аз он тарафи хати телефон дар гӯшае дур ватану бастагонаш овоз мехонад:
Нест, нест, нест дар дунё зеботарин,
Макони беҳтарин,
Ин макони беҳтарини тоҷикон,
Дорад пайванд бо ориё
Тоҷикистон зеби дунё...”
Дархост: Сафҳаи моро дар сомонаи Радиои Озодиро боз кунед. Дар “Садои ҳамватан” матолиби зиёде аз рӯзгори ҳамватанони мо дар хориҷ пайдо мекунед. Тавассути он бо мо тамос гиред, дар бораи худатон гӯеду нависед. Акс, дархост ва ҳар чӣ, ки дар кишвари муҳоҷират бароятон ҷолиб аст ба мо фиристед, зеро он барои дигарон ҳам ҷолиб хоҳад буд.