Таркиш дар яке аз бузургтарин қиморхонаҳо дар шаҳри ошӯбзадаи Карочии Покистон дастикам 15 нафарро кушта ва ҳудуди 30 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Далели ҳамла ҳанӯз рӯшан нест, ҳарчанд Карочӣ ҳамчун майдони хушунати ҳам гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳам ҷангиёни исломӣ маъруф шудааст. Раҳбари пулиси минтақа Иқбол Маҳмуд гуфт, таҳқиқот маълум хоҳад кард, ки ин амали террористӣ буд ё натиҷаи рақобатҳои маҳаллӣ. Афсари пулис Иршод Саҳар гуфтааст, дар соати ҳамла даҳҳо нафар дар қиморхона машғули анвоъи мухталифи қимор, аз ҷумла қартабозӣ буданд.