Давлати Либия мегӯяд, вазъи НАТО-ро бад хоҳад кард

Посгоҳи марзии Деҳиба дар марз бо Либия

Шӯришиёни Либия мегӯянд, бо шикаст додани нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ як посгоҳи марзии кишвар бо Тунисро ишғол кардаанд. Шабон Абу Ситто, раҳбари шӯришиён гуфт, посгоҳи марзии Зуҳайбаро баъди се рӯзи ҷанг бо нерӯҳои Қаззофӣ дар наздикии шаҳри Нолут тассаруф карданд. Ҳамчунин имрӯз, паймони НАТО ба ғайринизомиёни Либия ҳушдор дод, ки худро аз нерӯҳои Қаззофӣ ва силоҳҳои онҳо дур бигиранд, то хатари қурбон шудани онҳо дар ҳамлаҳои ҳавоии НАТО камтар шавад. Ва дар шаҳри Троблус, пойтахт Мӯсо Иброҳим сухангӯи ҳукумати Қаззофӣ гуфт, мақомот ғайринизомиёнро мусаллаҳ мекунанд, то ба ҳаргуна ҳамлаҳои эҳтимолии заминии нерӯҳои НАТО муқобила кунанд. Ӯ гуфт, Либиҳо дари дӯзахро ба рӯи НАТО боз хоҳанд кард. Пештар аз ин Фаронса гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба нерӯҳои Қаззофиро шиддат бахшида барои кӯмак ба шӯришиён, мушовирони низомиашро ба Либия мефиристад.