Толибон се афсари полиси Афғонистонро куштанд

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, бар асари инфиҷори бомб дар шарқи Афғонистон се маъмури пулис кушта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд. Гурӯҳи Толибон масъулияти ин бомбгузорӣ дар маркази вилояти Нангарҳорро бар дӯш гирифта ва гуфтанд, ки дар ҳамла шаш корманди пулис кушта шудаанд. Аҳмад Зиё Абдулзай, як намояндаи ҳукумати Нангарҳор гуфт, бомбро дар мусофирбари хурде гузоштаанд, ки маъмурони пулисро ба пойгоҳи омӯзишии онҳо мебурд.