Таъқиби ду ёри дигари Мулло Абдулло идома дорад

Ҷасади Мулло Абдулло( акс аз телевизион)

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар водии Рашт амалиёти таъқиби ду тани боқимонда аз аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло идома дорад. Нафари севвуми ҳафтае пеш дар рӯзи амалиёти зидди ин гурӯҳ аз ҳалқаи нирӯҳои давлатӣ фироркарда, ба гуфтаи мақомот, рӯзи 18 апрел боздошт шуд. Мирхӯҷа Шарипов, сокини 50-солаи ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод, аз ҷумла ба қатли як сарбози Горди миллӣ айбдор мешавад.
Мулло Абдулло бо 17 тан аз ёронаш, ба гуфтаи мақомот, рӯзи 15 апрел дар ҷараёни як амалиёти вижа дар водии Рашт кушта шудаанд.