Кумитаи амнияти миллӣ ҳувияти нӯҳ тан аз кушташудагони амалиёти вижа дар Раштро эълон кард.
Бино ба гуфтаи мақомоти ин кумита, дар миёни кушташудагон Сулаймоншо Маҳмадшоеви 36-сола, бошандаи деҳаи Шӯли ноҳияи Рашт, Аёмиддин Маннонови 30-сола, маъруф ба Умар, Манучеҳр Маннонови 23-сола, Давлат Нуриддинови 42-сола, Муҳаммадҷон Давлатҷони 17-сола, муллақаб ба Холид, Маҳдӣ Шарифови 23 сола, Лутфулло Муродови 19-сола, Меъроҷуддин Муродов, муллақаб ба Абдулбосит ва Мирзоаҳмад Маҳмадов, мулаққаб ба Хушвахт (ҳама сокинони ноҳияи Нуробод) шиносоӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон, тафтишот ҷиҳати ошкор кардани ҳувияти афроди боқимондаи гурӯҳи Мулло Абдуло идома дорад.
Сӯҳбати Ҳарамгули Қодир бо Нозирҷон Бӯриевро дар ин ҷо бишнавед:
Ин манбаъ ҳамчунин аз кашфи миқдори зиёди яроқи оташфишон, муҳимоти ҷангӣ, васоити мухобира, маводи таркандаву лавозимоти дигари ҳарбӣ, миқдори зиёди хӯрокворӣ, генераторҳои электрикӣ, маводи сӯхт ва 15 силиндри газ аз махфигоҳи ин гурӯҳ хабар дод.
ПАРЧАМИ "АНСОРУЛЛОҲ" ДАР РАШТ?
Бар асоси иттилои Кумитаи амнияти миллӣ инчунин аз махфигоҳи гурӯҳи Мулло Абдулло адабиёти динӣ ва парчаме бо навиштаи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" низ пайдо шудааст.
Исми "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар пайи таркиши маргталабона дар назди бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Суғд дар тирамоҳи соли гузашта пайдо шуд. Он вақт ин ҷамоати барои ҷомеаи Тоҷикистон ношинос масъулияти таркишро ба ӯҳда гирифта буд.
Пештар аз ин, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як баёния ҳалокати Мулло Абдулло ва 14 мусаллаҳи ӯро тасдиқ карда буд. Дар ин изҳорот гуфта мешуд, ки амалиёти зидди гурӯҳи мазкур пас аз ошкор шудани маҳалли будубоши он "дар қисмати ғарбии ноҳияи Рашт, дар масофаи беш аз 50 км дуртар аз маркази ноҳия, дар мавзеи баланду мушкилгузар" рӯзи 15-уми апрел оғоз ёфт.
Ҳангоме, ки нерӯҳои давлатӣ барои боздошти Абдулло Раҳимов, бо лақаби "Мулло Абдулло", ба ин маҳал омаданд, задухӯрди шадиде шурӯъ шуда, бар асари он Абдулло Раҳимов ва 14 тан аз "аъзои гурӯҳи ҷиноии ӯ" кушта шудаанд.
СУОЛҲОИ БЕҶАВОБ ПАС АЗ МАРГИ "БИН ЛОДИН"- ТОҶИК
Яке аз суолҳое, ки акнун баъд аз ин амалиёт ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ин аст, ин гурӯҳ аз куҷо кӯмак мегирифт ва ҷавононе, ки бо вай буданд, аз чӣ роҳ зиндагии худ ва хонаводаи худро мечархонданд? Агар ин нуктаро ҳам дар назар бигирем, ки муборизаи мусаллаҳона бо як артиши муназзам, манзур артиши Тоҷикистон, бидуни доштани пойгоҳи қавӣ ва ё ҳомӣ имконпазир нест, пас ин гурӯҳ аслиҳаву муҳимоти ҷангиро аз куҷо мегирифт ва оё ин ҷо омили пул ҳам нақш дошт, то чавононе, ки ба ин мубориза кашонда мешаванд, ҳадди ақал бо дарёфти пули хуб дилгармие дошта бошанд?
Як таҳлилгари умури амниятӣ дар Тоҷикистон, ки бо ин минтақа хуб ошност ва нахост аз вай ном бибарем, дар мусоҳиба ба РО гуфт, Мулло Абдулло бо Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон ҳамкорӣ ва иртибот доштааст ва аз ин манобеъ пулҳои ҳангуфт дарёфт мекардааст. Вай мегӯяд, дар тӯли ин солҳо худи Мулло Абдулло ҳамеша дар Тоҷикистон будааст, вале афроди вай аз роҳи Русия ё Қазоқистон ва тавассути марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ба хориҷ мерафтаанд ва иртиботи муназзамро таъмин ва кӯмакҳо дарёфт мекардаанд. Гаҳ-гоҳе онҳо иртиботи телефониро низ боэҳтиёт истифода мекардаанд.
"МУЛЛО АБДУЛЛО АЗ ХОРИҶ КӮМАК МЕГИРИФТ"
Ин манбаъи огаҳ мегӯяд, гурӯҳи Мулло Абдулло аз давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо 200 нафар аъзои гурӯҳаш захираҳое ҳам доштаанд ва бо назардошти кӯмакҳои дарёфӣ аз хориҷ мегуфтаанд, ки ҳар гоҳ зарур бошад, онҳо водии Раштро зери фармони худ хоҳанд даровард. Аз ин 200 нафар 50 нафари онҳо ҳамеша бо худ аслиҳа доштаанд. Мулло Абдулло, раиси бахши Ал-Қоида дар Тоҷикистон таъйин шуда буд ва бояд дар қаламрави ин кишвар ба истилоҳ “ячейкаҳо”-и худро ташкил мекард.
Ин манбаъ меафзояд, густариши бекорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Тоҷикистон, ба нафъи ин гурӯҳи мулло Абдулло тамом шудааст ва ҳатто ба ҷавонон, муҳоҷирони кории ин водӣ пешниҳод ҳам кардаанд, ки “ба Русия ё Қазоқистон чӣ меравӣ, биё бо гурӯҳи мо, мо ҳар моҳ ба ту 1 500 доллар медиҳем”.
Ба ин даъват ҳатто размандагони собиқи мухолифон, ки баъд аз имзои тавофуқоти сулҳи тоҷикон дар хориҷ машғули муҳоҷирати корӣ будаанд, ба истилоҳ “лаббайк” гуфтаанд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳукумати Тоҷикистон бояд ин гурӯҳҳоро нобуд созад, то дар оянда дарди сар эҷод накунанд, вале масъалаҳои маҳалгароиву бекорӣ низ бояд аз байн бурда шавад.
Аз махфигоҳи гурӯҳи Мулло Абдулло адабиёти динӣ ва парчаме бо навиштаи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" низ пайдо шудааст...