Мегӯянд, аз банди ҳероин наҷот ёфтан номумкин аст, аммо фарзандони хурдсолам маро аз ин банд раҳо карданд.
Ман, Шӯҳрат Мардонов, сокини шаҳри Душанбе, яке аз даҳҳо ё шояд аз садҳову ҳазорҳо ҷавонони роҳгумзада ҳастам,ки беақлона ва бо дасти худ хешро ба коми балое андохтам, ки ин бало нашъамандӣ аст. 10 соли дароз ҷабр ҳам ба ҷони ҷавони худ кардаму ҳам ба ҷони азизону пайвандонам.
Ҳамагӣ 16-сола будам, ки тасодуфан ба давраи ҷавонони нашъаманд афтодам. Ман аслан нафаҳмидам, чӣ шуду ба ин роҳ рафтам ванамедонистам, ки ин корам оқибати баде дораду маро як рӯз пушаймон мекунад. Нашъамандии ман зиндагиро барои хонводаамон ба ҷаҳаннам табдил дод. Ҳама дороии падари пиру беморам ва бародаронам сарфи қарзҳои беохири ман шуд. Аз хонаи худамон ва хешу табор ҳар чизи қимматбаҳое ба чашмам мехӯрд, медуздидам ва арзон фурӯхтаву ҳероин мехаридам. Чизҳои қиматбаҳо, ки охир омад, ба дуздидани ашёи хона, телевизору дарзмолу қолин ва ҳатто кӯрпаву болиш гузаштам.
Дар ин миён маро чандин бор ба ивази пули зиёд табобат карданд. Чанд муддат сиҳат шудам ва волидонам ба умеди он ки аз ин роҳи бад мегардам, маро ба як духтари хеши дурамон хонадор карданд ва соҳиби ду кӯдак ҳам шудам. Падарам барои мо як хона хариду моро ҷудо кард. Аммо афсӯс на хумори нашъа ва на рафиқони бадхӯям маро тарк накарданд. Боз ҳам аъмоли бади худро давом додам. Падару модарам ва бародаронам ҳама аз ман рӯ гардонданд. Ман на парвои зан доштаму на фарзанд. Намедонистам, ки онҳо чӣ мехӯранду чӣ мепушанд. Бечора ҳамсарам аз хонаи падару модараш ҳам хӯрданиву ҳам пӯшиданӣ меовард ва рӯзгорро ба азобе пеш мебурд.
Акнун ҷои кайфу хуморро мӯътодии шадид ва дарди ҷонкоҳи пайванду устухонҳо гирифта буду агар зуд-зуд ҳероин истеъмол намекардам, тамоми вуҷудам дар панҷаи дард месӯхт. Ягона фикре ки ҳамеша дар сарам мечархид, ҳамин буд, ки чӣ кор кунаму дору (ҳероин ) пайдо кунам. Ба ҷои кӯмак охирин пулҳои ҳамсарамро, ки ба ивази фаррошӣ дар мактаби миёнаи маҳалаамон ба даст меовард, кашида мегирифтаму сарфи “дору” мекардам.
Ин аъмоли бади ман боиси аз кор ронда шудани ҳамсари бечораам шуд. Бо як рафиқам аз тирезаи мактаб даромада дуздӣ кардем ва ин дуздӣ сабаби аз як даҳон нонашон мондани кӯдакони ман ва ба мӯҳлати 1 сол аз озодӣ маҳрум шудани ман шуд. Ва ин охирин қатрае дар косаи сабри ҳамсари бечораам шуд, ки сарашро гирифта, ҳамроҳи ду кӯдаки нимгуруснаву нимбараҳна ба хонаи модараш рафт. Хулоса, барои баршумурдани тамоми аъмоли бади ман вақти хеле зиёде лозим аст.
Вале мехоҳам ҳодисаеро нақл кунам ки он баъди 10 соли муътодӣ, ки бароям хоби гаронеро мемонд, мисли як мушти маҳкам ба сарам заду аз хоб бедорам кард.
Дар хонаи мо, ки аз молу матоъ, палосу дигар ҷиҳози хона ба ғайр аз дару тиреза чизи дигар боқӣ намонда буд, бо раҳнамоии як рафиқам ба боварии як гурӯҳи нашъаҷалоб даромадаму вазифаи санҷидани ҳероинро ба ӯҳда гирифтам. Ба гуфтаи нашъамандон «Инжинер» шудам. Яъне агар бори навро ворид мекарданд, пеш аз харидан маро мебурданд, ки онро бичашам ва дараҷаашро муайян кунам. Ба ивази ин хидматам ба ман каме ҳероини бепул медоданд.
Як рӯз ману ду нафари дигар савори мошин барои санҷидани бори нав, ки бояд Босс ё сардори мо мехарид, ба як маҳаллаи канори пойтахт рафтем ва бояд то омадани миёнарав дар мошин интизор мешудем. Каме дуртар чашмам ба ду кӯдак афтод, ки дар даруни партовгоҳ ҷумбуҷӯл доштанд. Ман дурусттар зеҳн мондаму духтарчаи худамро шинохтам ва аз мошин баромада наздиктар рафтам ва фарзандони худро, ки яке 5 ва дигарӣ 3-солаанд дидам, ки сару рӯи чиркину либоси жанда дар тан доштанд ва пучоқи харбузаеро аз партовгоҳ бардошта ҳарисона мехӯрданд.
Инро дидаму як замон ҳис кардам, ки сарам чарх мезанад. Ба назарам чунин намуд, ки гӯё касе маро аз баландие гирифта сарозер ҳаво доду ба замин афтода, бедор шудам. Дидам, ки кӯдаконам ҳанӯз машғули хӯрдани пучоқи харбузаанд, онҳоро оғӯш кардаму гиряро сар додам.
Вақте каме ба худ омадам дидам, ки кудаконам ба ман сахт часпидаанду беист гиря мекунанду мегӯянд, «Мо дар хонаи холаамон зиндагӣ дорем, бачааш моро мезанад. Дада, ҳо дада моро ба хонамон мебарӣ? Очаам касал аст, очаамро ҳам мебарӣ? Писарчаам мегуфт, майлаш бароям туфливу майкаи нав нахару маро ба хонаамон бар». Ман гияркунон сари бачаҳоямро дар бағалам гирифта бехудонаву батакрор мегуфтам, дадаатона бало занад, ки шуморо ба ин ҳол афкандааст, мурдани ман барин падар беҳтар аст.
Ман кӯдаконро то назди ҳавлии холаашон гусел карда, каме пул ба дасташон додаму худ пас гашта, рост ба хонаи дусти мактабиам, ки соҳибкор буд,рафтам. Ӯ аз ҷумлаи дӯстони камшумору беғарази ман буд, ки борҳо кӯшишу талошҳо карда буд, то маро аз ин роҳи бад баргардонад.
Дар рӯ ба рӯяш нишастаму нахустин бор рост ба чашмонаш нигоҳ карда, тамоми ҳодисаро нақл кардам ва гуфтам мехоҳам бас кунам ин касофатиро ва худамро ба дасти ту месупорам. Аз дӯстам илтиҷо кардам, ки маро дар таҳхонаш занҷирбанд кунаду касеро ба наздам даромадан намонад. Ӯ чунин кард.
Се шабу се рӯз дар таҳхонаи сарду торики дӯстам бо дасту пои баста хобидаму дардҳое кашидам, ки худам медонаму Худо. То ин ки аз шиддати дарди ҷонгудози пайванду устухонҳо фарёд набарорам, лабҳоямро бо дандон газидву хуншор кардам. Он қадар дар худ тапидам, ки дигар мадори аз ҷой ҷунбиданро надоштаму оби чашмонам беист мерафт.
Дар рузи чаҳорум дӯстам омада, аз банд раҳоям кард. Фармуд ки шустушӯ кунаму либоси тоза пӯшам. Бори аввал бо иштиҳои том хӯрок хӯрдам ва таъми онро фаҳмидам. Дӯстам бо мошин маро ба хона оварду аҳволи хонаро дида сар ҷунбонд ва гуфт «ҳеҷ гап не. Чизу чора ёфт мешавад. Муҳим саломатист, ки ёфтанаш душвор аст.»
Дӯстам маро бо худ ба бозор бурда, баъзе ашёи зарурии хона, каме либос барои фарзандонам ва маводи хӯрданӣ харид. Рӯзи дигар рафта, зану фарзандамро овард. Худамро дар ширкати худ, ки ба тиҷорати масолеҳи бинокорӣ машғул аст, ба кор гирифт. Дӯстам инчунин аз таъқибҳову таҳдидҳои нашъаҷаллобон ва ҳамроҳони собиқам, ки намехостанд маро раҳо кунанд, низ халос кард. Онҳоро ҳушдор дод, ки агар маро ба ҳолам нагузоранд, аз болояшон ба мақомот шикоят мебарад.
Бо кӯмаку дастгирии дӯстам соҳиби кору зиндагии хуб шудам, хонаи нав ва мошин харидам. Ҳамсарамро табобат кардам. Бачаҳоям ҳоло дар мактаб таҳсил мекунанд. Зинагӣ бароям маъно пайдо карду рангу тобиши дигар гирифт. Ман ки тӯли 10 сол бемор будаму дар хоби гарон, иваз шудани фаслҳо, шукуфтани гулу сабза, боридани барфро, калоншавии фарзандонам, аввлин ҳарфҳову аввалин қадаммониҳояшонро надидаву нашунида будам, ҳоло ҳамаи ин бароям лаззат мебахшид.
Бале, шояд касе ҳам ин қиссаи зиндагии маро хонда гӯяд, ки бовар намекунам. Касе ки ба ин чоҳи сиёҳи мӯътодӣ афтод, гум мешавад. Бале гум мешавад. Чандин рафиқони ман натавонистанд аз ин роҳ баргарданд ва қурбони нашъамандӣ шуданд. Вале агар мард иродаи қавӣ дошта бошаду аз сидқи дил хоҳиши тарк кардани ин одати бадро кунад, метавонад дар ин набарди шадид пирӯз шавад. Чизи муҳими дигар дар ин набард, кӯмаки наздикон аст, ки ба ту бовар ва дасти мадади худро ҷонибат дароз кунанд.
Шӯҳрат Мардонов, сокини шаҳри Душанбе.
Масъули тарҳ Сафаргул Олимӣ
Ҳамагӣ 16-сола будам, ки тасодуфан ба давраи ҷавонони нашъаманд афтодам. Ман аслан нафаҳмидам, чӣ шуду ба ин роҳ рафтам ва
Бо раҳнамоии як рафиқам ба боварии як гурӯҳи нашъаҷалоб даромадаму вазифаи санҷидани ҳероинро ба ӯҳда гирифтам...