Созишномаи байниҳукуматӣ “Дар бораи буду боши гурӯҳи фаврии мушовирони нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон” таҳия шудааст.
Дар ин бора Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, "мӯҳлати ин созиш ҳамин сол - соли 2011 поён меёбад, аз ин рӯ байни ҷонибҳо дар ҷараёни ду даври музокирот тарҳи нави созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши ҳифзи марз таҳия шуд ва фикр мекунам, ки он рӯзҳои наздик имзо мешавад".
Низомиддин Зоҳидов изҳор намуд, ки айни ҳол дар равобити миёни Тоҷикистону Русия ягон мушкил мавҷуд нест.
Дар робита ба мушкилоти миёни Душанбеву Тошканд ӯ гуфт, ки онҳо ҳалшавандаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷӣ, мушкили интиқоли молу маводи Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳани Ӯзбакистон комилан ҳаллу фасл шудааст.