Канада шаҳрвандони худро аз сафар ба Тоҷикистон ҳушдор додааст.
Ҳукумати Канада ба шаҳрвандони худ машварат додааст, то аз сафар ба Тоҷикистон дар замони бӯҳрони феълии энержӣ, ки эҳтимол меравад, дар ҳафтаҳои наздиктар шадидтар бишавад, худдорӣ намоянд.
Дафтари умури беруна ва савдои байнулмилалии Канада гуфтааст, онҳо ба шаҳрвандони худ машварат медиҳанд, ки дар ҳоли ҳозир, агар ҳузурашон дар Тоҷикистон зарур набошад, ин кишварро тарк бигӯянд.
Ҳукумати Канада аз шаҳрвандони худ, ки дар Тоҷикистон қарор доштаанд, даъват кардааст, то бо наздиктарин сафорати он кишвар (дар Қазоқистон) дар тамос бошанд.