Пулиси Афғонистон мегуяд, онҳо талош нахоҳанд кард генерал Абдулрашид Дустум-ҷангсолори узбактабори ин кишварро ба ҳабс бигиранд. Онҳо муҳосираи хонаи генерал Дустумро дар маҳаллаи Шерпури Кобул раҳо кардаанд. Змарай Башарӣ-сухангуи вазорати дохилаи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин ҳодиса Додситонии кулл расидагӣ хоҳад кард. Шаби шанбе ба якшанбе Абдулрашид Дустум ва 50 нафари дигар аз афроди мусаллаҳи вай ба хонаи Акбарбой-раиси Шурои турктаборони Афғонистон ва раиси ситоди интихоботии оқои Дустум дар Кобул ҳамла бурданд ва уро ба хонаи Дустум интиқол ва мавриди лату куб қарор додаанд. Бино ба хабарҳо, Акбарбой захмӣ шудааст. Нируҳо Акбарбойро раҳо кардаанд ва ҳоло вай дар бемористон аст. Пулис гуфтааст, афроди Дустум бо худ аслиҳаи ғайриқонунӣ доранд ва ҳатто ба суи пулис тирандозӣ ҳам кардаанд. Дустум мушовири низомии Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аст.