Дар Русия корзори интихоботӣ шуруъ шуд

Имруз дар Русия корзори интихоботӣ ба таври расмӣ шуруъ шуд. Барои курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар чаҳор номзад, яъне Дмитрий Медведев аз ҳизби "Русия Воҳид", Геннадий Зюганов-раиси Ҳизби кoммунист, Влaдимир Жириновский-раиси Ҳизби либерал-демократ ва Андрей Богданов-раиси Ҳизби демократи Русия мубориза мекунанд. Дар миёни онҳо Дмитрий Медведев, ки аз ҳимояти Владимир Путин-раиси ҷумҳури кунунӣ бархурдор аст, тибқи назархоҳиҳо ҷонибдорони бештар дорад.