Як ҳамлавари худкуш мошини бомбгузоришударо ба посгоҳи ҳарбӣ дар шимолуғарби Покистон ва наздикии марзи Афғонистон ронд. Дар натиҷаи таркиш ба камияш ду сарбози покистонӣ кушта ва панҷ тан захмӣ шудаанд. Ҳамла дар наздикии шаҳраки Миралии Вазиристони Шимолӣ ба вуқӯъ пайваст. Гумон меравад, бисёре аз ситезаҷӯёни Ал Қоъида ва Толибон дар ин ҷо паноҳгоҳ ёфтаанд.