"Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия" сабти ном шуд

Абдуллоҳ Сатторӣ, раиси "Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия"

Ин дар навъи худ нахустин созмонест, ки то ҳол тавонистааст дар ин кишвар сабти ном шавад. Созмони мазкур 5 ноябри соли 2007 дар Маскав ҷаласаи муассисонро баргузор ва барои сабти ном ба ниҳодҳои зидахли ин кишвар муроҷиат кард.

Оё сабти номи ин созмони иҷтимоӣ ба шароити кор ва зисти муҳоҷирини кории тоҷик ва умуман тоҷикистониёни Русия асар хоҳад гузошт ва дар ин замина созмони мазкур чӣ корҳо анҷом медиҳад? Дар ин бора хабарнигори радиои Озодӣ Нурмуҳаммади Холзода бо Абдуллоҳ Сатторӣ, раиси "Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия" дар Маскав, гуфтугуе анҷом дод, ки муҳтавои дар зер оварда мешавад.

А. Сатторӣ: Дар Русия бори аввал як ташкилоти ҷамъиятии умумирусиягӣ - "Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия" расман шинохта шуд ва мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии лозимаро гирифтем. Мо гуфта будем, ки ду самти асосии кор дорем. Аввал ин ки дастгирӣ аз муҳоҷирон ва умуман аз ҳамватанони мо, яъне тоҷикистониёне, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ доранд ва самти дигар ташаккули як образи мусбати тоҷикон ва тоҷикистониён дар Русия аст. Баъд аз зиёд омадани муҳоҷирони кории тоҷик кишвари моро ба хубӣ намешиносанд.

Суол: Масалан, агар шумо иттилоърасонӣ дар бораи қонунҳои муҳоҷирати Русия ва шароити зист дар Русияро дар назар доред, аз чӣ роҳҳое метавонед бо муҳоҷирон тамос бигиред ва дар бораи ин мавзуъ ва масъалаҳо бо онҳо суҳбат кунед, то иттилоърасонӣ анҷом бигирад?

Ҷавоб: Аввал ҳамкорӣ бо шуъбаҳои мо, ки акнун аз рӯи созмони сабтиномшуда дар 46 воҳиди идории Русия ба кори худ оғоз мекунанд. Тавассути ҳамин шуъбаҳо кор мекунем. Баъд бо ташкили як сомона ва рӯзномаи умумирусиягии тоҷикистониён. Тавассути созмонҳои миллатҳои дигар, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорем, бо кумитаи федеролии муҳоҷирати Русия, вазорати адлияи Русия ва минтақаҳои Русия, ки 82-то ҳастанд, хабар фиристодем, ки чунин ҷамъияти умумирусиягӣ ташкил шудааст. Албатта, вохуриҳои шахсӣ ҳам ташкил мекунем, маъракаҳои гуногун барпо мекунем. Бо дастгирии тоҷирони тоҷик, ки ин ҷо ҳастанд, мо буклетҳо ва дастурҳои хаттиро чоп мекунем.

Суол: Ин ҷо шумо ёдоварӣ кардед, ки дар шаҳрҳову вилоятҳои бузург аз ҳамон рӯзе, ки иттиҳодия сабти ном шуд, шуъбаҳои шумо ба фаъолият шуруъ кардаанд. Оё тибқи қонунҳои имрӯзи Русия, онҳо ҳам бояд дар маҳалҳои худ ба таври расмӣ сабти ном кунанд ё ки созмони аслӣ дар марказ сабти ном шуд ва ҳамин кофист?

Ҷавоб: Ҳамаи созмонҳои минтақаӣ ташкилкунандагони созмони умумирусиягӣ мебошанд. Онҳо ба шуъбаҳои маҳаллии худ хабар медиҳанд, ки шуъбаи "Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия" шудаанд. Ба ин тартиб онҳоро дар маҳалҳо ба расмият мешиносанд.

Суол: Онҳо дар назди мақомоти маҳаллии худ чӣ масъулият ва чӣ салоҳият доранд?

Ҷавоб: Онҳо дар чаҳорчубаи қонунҳои Русия фаъолият мекунанд ва дар оинномаи онҳо ин сабт шудааст. Салоҳиятҳояшон дар мадди аввал дастгирӣ, кумак ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва тоҷикистониёни муқими Русия аст.

Суол: Шумо ёдоварӣ кардед, ки ин иттиҳодия як рӯзнома ва як сомонаи интернетии худашро хоҳад дошт. Оё дар ин замина ҳам корҳои омодагӣ шуруъ шудааст.

Ҷавоб: Шуруъ шудааст, баъзе чизҳо ҳаст, ки онро ҳоло гуфта наметавонам, вале кор рафта истодааст. Ба ғайр аз ин як рӯзномаи умумирусиягие бо кумаки кумитаи миллатҳои шаҳри Маскав ташкил шудааст, ки "Страна содружества" ном дорад ва аз 8 саҳифа иборат аст. Ба ҳар як ҷамъияти миллӣ як сафҳа дода мешавад. Як сафҳааш аз тоҷикон аст.

Суол: Сомона ва нашрияи шумо ба кадом забон ба нашр хоҳад расид?

Ҷавоб: Чун мо дар чаҳорчубаи қонунҳои Русия кор мекунем ва дар Русия сабти ном шудаем, ба забони русӣ. Дар оинномаи мо омадааст, ки забони кории мо метавонад тоҷикӣ ҳам бошад, дар нашрия чанд сафҳаи тоҷикӣ хоҳем дошт.

Суол: Оё дар бораи қонуншиканиҳои нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик ё тоҷикистониён дар Русия мушоҳида мешавад, матолиб дарҷ хоҳанд шуд?

Ҷавоб: Албатта, яке аз ҳадафҳои мо дастгириву кумак ба муҳоҷирони корист, ин чизҳо хоҳад буд. Қонуншиканӣ кам шудааст, вале ҳаст. Албатта, мо дар ин бора матолиб чоп мекунем.

Суол: Масъалаи дигар ин аст, ки баъд аз ду-се моҳ муҳоҷирони мавсимии корӣ дубора ба Русия хоҳанд баргашт. Оё барои таъмини онҳо бо кор барномаҳое доред?

Ҷавоб: Мо барномаҳо дорем ва дар ин самт бо сафорату консулгарии Тоҷикистон, бо намояндагии вазорати дохилаи Тоҷикистон дар умури муҳоҷират дар Русия кор карда истодаем. Мардуми мо иҷозаи корӣ намегиранд сабти ном намекунанд. Қонуншиканӣ аслан дар ҳамин бахш мешавад. Ҳоло кори асосии мо дар ҳамин самт аст, то ба онҳо кумак кунем, ки роҳҳои ҳуқуқии онро пайдо кунанд, ҷои кор пайдо кунем, то онҳо бо кор таъмин шаванд. Мо дар чаҳорчубаи фаъолияти иттиҳодия бо ин кор машғулем. Дар корхонаҳо кор пайдо мекунем, ба он ҷойҳо мефиристем. Таҳти назорат мегирем, ки касе нисбат ба онҳо қонуншиканӣ накунад.

Суол: Агар иттиҳодияи шумо нисбат ба тоҷикон қонуншиканиро мушоҳида кунад, шумо метавонед ба ниҳодҳои болоии Русия муроҷиат кунед, то ҳамин гуна қонуншиканӣ нисбат ба тоҷикон такрор нашавад?

Ҷавоб: Албатта, мо ин корро шуруъ кардаем. Мо бо вазорати дохила, кумитаи федеролӣ оид ба муҳоҷират доимо дар тамос ҳастем. Ба ҷуз аз ин ки дар сурати қонуншиканӣ мо онҳоро ба додгоҳ мекашем, муроҷеъатномаҳо кардаем. Ба номи иттиҳодия чанд ҷавоб омад аз додситонии кулли Русия, аз вазорати дохилаи Русия, аз порламони Русия. Масалан, хонум Олга Алексеевна, сардори шуъбаҳои пулис, дар тамос шуданд. Онҳо аз мо мепурсанд, ки чӣ қонуншиканӣ ва чӣ камбудиҳо нисбат ба ҳамватанони мо ҳаст, ки онҳо аз он пешгирӣ кунанд.