Дар як пажӯҳише донишмандони амрикоӣ ошкор кардаанд, нӯшидани беш аз ҳад дар овони ҷавонӣ фаъолияти бонизоми баъзе аз узвҳои баданро баҳам зада ва роҳро барои гирифтори бемориҳои дил ва сактаи мағзӣ боз мекунад.
Онҳое, ки дар овони ҷавонӣ ба таври мӯътадил машрубот менушидаанд, аз хатари гирифтори ба чунин бемориҳои бад дуртар будаанд.
Донишмандони Амрико баъди таҳқиқи вазъи сиҳатии 2 800 фарди калонсол ва дар муддатҳои тулонӣ ба ин натиҷа расидаанд. Онҳо мегӯянд, нӯшидани зиёд дар овони ҷавонӣ фарбеҳии шикам, фишори баланди хун, мизони ками холестерини зарурӣ, мизони зиёди қанд ва як навъ равғани хунро ба вуҷуд меорад, ки ҳамаи ин ангезандаҳои бемориҳои дил ва сактаи мағзӣ ҳастанд.
Ҳарчанд нӯшидани мӯътадили машрубот холестеринҳои мусбатро афзоиш дода, ва пеши роҳи бемориҳои қалбро мегирад, аммо аз нӯшидани зиёд чунин кӯмакро интизор набошед.
Марсиа Рассел яке аз муаллифони пажӯҳиш ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, ҳарчанд барои дилсард кардани ҷавонон аз нӯшидани зиёд баҳонаҳои хуб зиёданд, аммо пажӯҳиши нав низ метавонад, як далели дигаре бошад, ки майли ҷавононро ба машруботи зиёд камтар кунад.
Марсиа Рассел бо дигар ҳамкоронаш аз пажӯҳишгоҳи тиббии иёлати Калифорнияи Амрико тақрибан аз 3 ҳазор нафар афроди аз 35 то 80 сола доир ба одатҳои ҷавониашон суол кардаанд. Дар ин миён як қисм гуфтааст, ки дар овони ҷавонӣ бисёр менушидаанд ва қисми дигар гуфтаанд, ки ин гуна одат надоштаанд ва нушиданашон низ мӯътадил будааст.
Бо таҳқиқи вазъи сиҳатии ин ду гурӯҳ табибон ошкор кардаанд, ки он гурӯҳе, ки дар айёми ҷавонӣ машруботро ба қавле дуст медоштааст, гирифтори касолате будаанд, ки то ба бемориҳои дил ва сактаи мағзӣ мебарад ва онҳое, ки кам ва ё ба таври мӯътадил шароб менушидаанд, он гуна касолатро хеле камтар доштаанд.