Виктор Юшенко, раиси ҷумҳури Укроин аз Додситони кулли кишвар талаб кард, ки бархурди миёни вазири умури дохила Юрий Лутсенко ва мири шаҳри Киев Леонид Черновестскийро тафтиш кунад. Мири пойтахти Укроин изҳор кард, ки баъд аз нишасти Шӯрои амнияти миллӣ вазири дохила ӯро ба лату кӯб кашидааст. Вазири умури дохила дар навбати худ изҳор кард, ки ин занозаниро мири Киев шурӯъ кардааст ва ба зонуи вазир бо шатта задааст.