Мушарраф вориди Брюссел шуд

Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури Покистон бегаҳи дирӯз вориди Брюссел шуд. Интизор меравад дар чаҳорчӯби сафари ҳаштрӯзааш ба Аврупо имрӯз Мушарраф бо масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Ҳовиер Солана ва Дабири кулли НАТО Яаап Де Ҳуп Схеффер музокирот анҷом диҳад. Қарор аст раҳбари Покистон ҳамчунин аз Бритониё, Фаронса ва Швейсария низ дидан кунад.