Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, теъдоди аслиҳаи қочоқшуда аз Эрон ба Ироқ шадидан коҳиш ёфтааст. Вале онҳо афзудаанд, чунин коҳиш дар тамрини ошӯбгарони ироқӣ ва таъмини молии онҳо ба мушоҳида намерасад. Вошингтон борҳо Эронро айбдор кардааст, ки мусаллаҳони шиъаро бо маводи мунфаҷираи зиреҳшикоф таъмин мекунад. Ин мавод бар зидди нирӯҳои Амрико дар Ироқ корбаст мешавад. Теҳрон батакрор ин иттимоҳотро рад кардааст.