Порлумони Қирғизистон раиси Додгоҳи Олии ин кишвар Қурмонбек Усмоновро аз мақомаш барканор кард. Сабукдӯш кардани раиси Додгоҳи Олӣ пешниҳоди раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев буд, ки аз миёни 90 вакили мардумӣ 63 нафар ба ҷонибдории он раъй доданд. Лайло Сиддиқова - раиси кумитаи қонунгузории порлумони Қирғизистон, ки тарафдори ҳукумат аст, гуфт, 60 додраси кишвар аз Қурмонбек Усмонов шикоят кардаанд ва аз ин хотир ӯро аз мансабаш сабукдуш карданд. Аммо худи Қурмонбек Усмонов, ки додраси мустақиле маҳсуб мешавад. иқдоми порлумонро сиёсӣ хондааст.