Дар сабқати Ҳизби ҷумҳурихоҳон барои дарёфти мақоми номзади ҳизб дар интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳида дар аёлати Мичиган волии собиқи аёлати Массачусетс Мит Ромнӣ пирӯз шуд. Аз ӯ 39 дар сади аъзои ҳизб дар ин аёлат пуштибонӣ кардаанд. Рақиби аслии ӯ сенатор Ҷон МакКейн ба дарёфти 30 дар сади ройҳо муваффақ шуд.
Дар сабқати ҳизби Ҳизби демократ ҳамагӣ чанд номзад ширкат доштанд ва Ҳилларӣ Клинтон 60 дар сади ройҳоро ба даст овард. Аксари номзадҳо, аз ҷумла, Барак Обама сабқати Мичиганро таҳрим карданд.