Тибқи гузоришҳо, 3200 нирӯҳои дарёии Амрико бояд омода шаванд, ки ба Афғонистон барои муқобила бо ҷангиён сафарбар шаванд. Хабаргузории Ройтерз дар нақли қавл аз мақомот мегӯяд, ки вазири дифоъ Роберт Гейтс тавсияи худро дар ин замина ба Кохи Сафед фиристодааст. Феълан дар Афғонистон 27 ҳазор сарбози амрикойӣ, ҳудудан нисфи ин нирӯҳо таҳти сарпарастии НАТО хизмат мекунанд.