Ақаллиятҳои динии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин тарҳи пешниҳодӣ ҳуқуқи пайравони онҳоро нақз мекунад. Яъне, ба бовари онҳо, лоиҳаи нави қонун монеъи фаъолияти озоди адёни ғайриисломӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Аммо рӯҳониёни мусулмон низ мегӯянд, лоиҳаи қонуни мазкур, ки аз суи мақомоти Тоҷикистон пешниҳод шудааст, қабл аз ҳама бо ҳадафи маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои исломӣ таҳия гардидааст. Шӯрои машваратии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба озодии дин ё эътиқод низ як соли қабл дар гузориши худ лоиҳаи қонуни нави озодии виҷдон ва созмонҳои динии Тоҷикистонро ноқис хонда, баъзе аз бандҳои онро хилофи меъёри ҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ, ва 18 далели ихтилофангези ин лоиҳа бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро номбар кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, вакили Порлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки тарҳи алтернативии Қонуни динро таҳия карда ва қасд дорад, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд. Вай гуфт, ӯ ба қонуни амалкунанда ва лоиҳаи нави қонун, ки ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод карданист, мухолиф аст, зеро ба иддаои ӯ, қонуни амалкунанда оид ба дин озодиҳои мазҳабиро маҳдуд мекунад. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон афзуд, моҳи феврали соли 2007 дар бораи ин тасмими худ ҳангоми дидору мулоқоташ бо Асмо Ҷаҳонгир, гузоришгари Созмони Милал оид ба дину озодии эътиқод, изҳори ақида карда будааст:
«Мо ҷонибдори қонуни ҳозирамалкунанда ва он лоиҳае, ки аз тарафи собиқ Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буд, нестем. Аслан мо муқобили ҳамагуна қонуне ҳастем, ки вазъи шаҳрвандонро аз пешин дида бадтар мекунад».
Бар изофаи ин, ноиби раиси Маркази таҳлилии «Муколама» Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода мегӯяд, тарҳи пешниҳодии оқои Кабирӣ ҳам барои созмонҳои динии ғайриисломӣ ва ҳам барои пайравони дини ислом имтиёзҳои хосеро пешбинӣ кардааст. Масалан, ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, агар тарҳи қонуни дини ҳукумат барои таъсиси як ибодатгоҳ имзои аз 40 то 60 000 диндорро тақозо кунад, оқои Кабирӣ дар лоиҳаи худ ин теъдодро аз 3 то 5 000 муқаррар кардааст:
“Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ба бандҳои ҷиддии тарҳи қонуни дини пешниҳодшуда аз суи мақомоти давлатӣ мувофиқ набуд, дар ин замина тасмим гирифт, ки лоиҳаи алтернативии хешро дошта бошад. Ва бо истифода аз намояндаи худ дар порлумони кишвар ин лоиҳаро барои баррасӣ пешниҳод кунад. Хушбахтона, то ҳоло лоиҳаи қонуни дини собиқ Кумитаи дин ба порлумон пешниҳод нагардидааст ва фурсат ба Ҳизби наҳзати исломӣ даст дод, ки лоиҳаи худро омода кунад. Гумон намекунам, ки доираҳои дигари ҳукуматӣ ба ин лоиҳа мувофиқ бошанд. Эҳтимол онҳо лоиҳаи дигари ба қавле «як андоза сабук»-ро таҳия хоҳанд кард”.
Аммо оё барои таҳия ва пешниҳоди қонуни алтернативии дин зарурате вуҷуд дорад? Зулфия Қаюмова, вакили мудофеъи ақаллиятҳои мазҳабии Тоҷикистон, мегӯяд, таҳия ва пешниҳоди қонунҳои алтерантивӣ ба Порлумон имкон медиҳад, ки аз лоиҳаҳои мухталиф як қонуни мукаммал ба тасвиб расад. Хонум Зулфия таъкид мекунад, ки ақаллиятҳои мазҳабии Тоҷикистон аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо тақозо кардаанд, ки ба ҳайъати кумиссиюни давлатӣ оид ба таҳияи қонуни дин як намояндаи ақаллиятҳои мазҳабии кишвар низ дохил шаванд, аммо ин дархости онҳоро ҳукумат сарфи назар кардааст. Аз ин рӯ, созмонҳои динии ғайриисломӣ дар изтиробанд, ки хостаҳояшон дар лоиҳаи қонун ҷой нахоҳад гирифт. Вакили мудофеъи созмонҳои ғайриисломӣ мегӯяд, ҳоли ҳозир ба Порлумони Тоҷикистон 4 тарҳи лоиҳаи қонуни дин пешниҳод гардидааст. Вай афзуд, ҳарчанд бо тарҳи таҳиякардаи Муҳиддин Кабирӣ ошно нест, аммо пешниҳоди онро амри зарурӣ медонад:
«Мо шарҳи худро дар поёни тарҳи пешниҳодии қонуни дини ҳукумат навиштем. Мақомот гуфтанд, ки тарҳи ҷадиди қонуни мазкурро дигарбора пешниҳод хоҳанд кард. Мутаассифона, то ба ҳол мо тарҳи алтернативии қонуни дини Ҳизби наҳзати исломиро надидем ва гуфта ҳам наметавонем, ки ин тарҳ чи бартарӣ ва чӣ бадтариҳо дорад. Лоиҳаҳои қаблан пешниҳодкардаи ҳукумат воқеъан ҳам озодиҳои мазҳабии диндорони кишварро маҳдуд мекард. Аммо бовар дорам, лоиҳаи наҳзатиҳо дар баробари имтиёзи бештар ба пайравони дини Ислом, ба пайравони адёни ғайриисломӣ низ имтиёзҳое ихтисос дода бошад. Бо ин ҳама бояд таъкид кунам, ки дар сурати тасвиби лоиҳаи қаблии ҳукумати Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон, ҳудуди 99 дарсади созмонҳои мазҳабии кишвар аз миён хоҳанд рафт».
Вале Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилари мустақил, ба назари дигар аст. Вай қонуни ҷории динро як қонуни мӯътадил арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, созмонҳои динӣ беҳтар аст ин қонунро ҳифз бикунанд. Зеро имкон дорад, ки лоиҳаҳои пешниҳодии онҳо дар Порлумон баррасӣ ва қабул нагардад. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи таҳлилгар Абдуллоҳ Раҳнамо вақте ҳукумат тасмим гирифт, ки ба қонуни дин тағйиру ислоҳи лозимаро ворид созад, оқои Кабирӣ низ ҳамчун вакили Порлумон аз ин фурсат истифода ва лоиҳаи худро таҳия кардааст. Оқои Раҳнамо низ гуфт, ки тарҳи қонуни дини оқои Кабириро надидааст ва чизе бештар аз ин наметавонад ташреҳ бидиҳад:
«Ба назари ман, ҳифзи қонуни ҷории Тоҷикистон дар бораи озодии эътиқод ба нафъи ҳуқуқ ва озодиҳои диндорон аст, нисбат ба лоиҳаҳои пешниҳодшуда. Албатта, вакили мардумии Ҳизби наҳзати ислом бо ин лоиҳаҳо ошно аст ва ин ҳам метавонад яке аз сабабҳои дигари пешниҳоди қонуни алтернативии дин бошад. Зеро меъёрҳое, ки лоиҳаи нави қонуни дини ҳукумат пешбинӣ кардааст, бисёр шадид аст ва аз ин рӯ пешниҳоди лоиҳаҳои алтернатвиро зарур мешуморам».
Гуфта мешавад, ки Муҳиддин Кабирӣ дар лоиҳаи қонуни пешниҳодиаш барои пайравони дини Ислом дар мавриди ибодат ва таълимоти исломӣ имтиёзи бештареро лоиқ донистааст. Раҳматилло Зоиров, раҳбари Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон, шояд барои он ки лоиҳаи Кабирӣ гӯиё якҷониба таҳия гардидааст, имкон дорад, мавриди эътибор қарор нагирад:
«Фикр мекунам, вақте ду тарҳ, яке тарҳи ҳукуматӣ ва тарҳи алтернативӣ пешниҳод шавад, намояндагони мардумӣ дар асоси ҳардуи лоиҳа як лоиҳаи хуберо метавонанд омода кунанд. Пешниҳод шудани лоиҳаи алтернативӣ ягон ҷанбаи манфӣ надорад. Аз ин танҳо бурд кардан мумкин аст».
Оқои Зоиров мегӯяд, барои севвумин бор аст, ҳукумат лоиҳаи худро ислоҳ ва барои муҳокима пешниҳод мекунад. Ба эътиқоди ӯ, шояд боз ҳам лоиҳаи таҳиякардаи ҳукумат бо андаке сабукиҳо барои диндорон қабул гардад. Бо ин ҳама, коршиносон беҳтар медонанд, ки куллия созмонҳои динӣ бо дарназардошти имконоти худу давлат як тарҳи ҷадид ва мукаммалро пешниҳод мекарданд, ки ба қавли мардумӣ «на сих месӯхту на кабоб».