Буш Саакашвилиро табрик гуфт

Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Михаил Саакашвилиро ба пирӯзияш дар интихоботи президентии Гурҷистон табрик гуфт. Ба иттилоъи Стив Ҳедлӣ, мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Буш дар роҳ аз Абу Дабӣ ба Арабистони Саудӣ бо Михаил Саакашвилӣ тамоси телефонӣ гирифт. Ба гуфтаи Ҳедлӣ, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ишора ба он кардааст, ки нозирони мустақили байнулмилалӣ пирӯзии Саакашвилӣ дар даври аввали интихоботро тайид кардаанд.

Аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон натоиҷи расмии интихоботи президентии рӯзи 5 январро рад мекунанд ва мегӯянд, ки мақомот дар шумурдани раӣъҳо даст ба тақаллуб задаанд. Мухолифин баргузории даври дуюми интихоботро тақозо доранд.