Дастаи футболи "Звезда"-и Иркутск (Русия) эълон кардааст, ки мумкин аст беҳтарин ниммуҳофизатгари дастаи "Регар" ТадАЗ-и Тоҷикистон Иброҳим Рабимовро ба сафи худ даъват кунад. Ҳамзамон дастаи дигари русӣ "Витяз"-и Подолск низ орзу дорад Рабимов дар ҳайати он бозӣ кунад.
Мураббии "Витяз" собиқ бозигари дастаи "Помир"-и Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев тавонистааст, ин дастаи навъи севумро ба лигаи аввали футболи Русия барорад.
Иброҳим Рабимов нахуст ба Иркутск сафар кард, то ҷузъиёти қарордодро баррасӣ кунад. Сармураббии дастаи "Регар" ТадАЗ Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев мегӯяд, аз ҳайъати он рафтани Рабимов хеле таассуфангез хоҳад буд, аммо ширкати бозигарони тоҷик дар дастаҳои хориҷӣ эътибори футболи Тоҷикистонро баланд хоҳад кард.