Идораи додситонии Гурҷистон сиёсатмадори мухолифи ҳукумат, сармоядор Бадрӣ Патаркатсишвилиро бо тарҳрезии сӯиқасд ва ташкили ҳамлаи террористӣ муттаҳам кард. Патаркатсишвилӣ, ки дар хориҷ аз Гурҷистон ба сар мебарад, ҳафтаи гузашта дар интихоботи раёсатҷмҳурии ин кишвар бо президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ рақобат кард.
Патаркатсишвилӣ нерӯи сарпарасти эътирозҳои соли гузашта, бо кӯшиши тақдими ришва ба мансабдори давлатӣ муттаҳам мешавад. Ба иттилои додситонӣ ин мансабдор мебоист воқеияти интихоботи Гурҷистонро, ки дар он Саакашвилӣ пирӯз шудааст, зери суол гузорад. Патаркатсишвилӣ мақомоти Гурҷистонро бо тарҳрезии сӯиқасд ба ҷонаш муттаҳам мекунад.