Дар шаҳри Обнински вилояти Калугаи Русия як нафар шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон аз сӯи як гурӯҳи чорнафараи ҷавонони рус кушта шудааст. Ба иттилоъи расонаҳои хабарии ин минтақаи Русия, 4 нафар наврасони маҳаллии мусаллаҳ бо корд дар яке аз истгоҳҳои ин шаҳр ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷум намуда, ӯро сахт захмӣ кардаанд ва бар асари захмҳои шадид вай дар беморхона ҷон додааст. Ному насаби кушташуда то ҳол мушаххас нашудааст ва гуфта мешавад, ин ҳодиса ҳоло мавриди таҳқиқи пулис қарор дорад.