Тибқи иттилоъи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи соли 2007 мақомоти марбутаи ин кишвар 5 тонна ва 270 килограм маводи мухаддир мусодира намудаанд, ки беш аз 4 тоннаи онро ҳероин ташкил додааст. Ҳаҷми мухаддироти содиршуда назар ба соли гузашта 10 дарсад бештар будааст.
Бино ба таъйиди ҳамин сарчашма, аз ҳаҷми умумии маводи мухаддир мақомоти вазорати корҳои дохилӣ ҳудуди 2,5 тонна, Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир - беш аз 1,3 тонна ва сарҳадбонон – беш аз 900 килограмро мусодира кардаанд.