Тавре интизор мерафт, дар сабқати довталабони курсии президенти Иёлоти Муттаҳида аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳон дар аёлати Ню Ҳампшир сенатор аз Аризона Ҷон Маккейн бо дарёфти 37 дар сади раӣъҳо пирӯз шуд. Мит Ромней дар мақоми дуввум ҷой гирифт.
Дар сабқати демократҳо хонум Ҳилларӣ Клинтон бо дарёфти 39 дар сади райъҳо баранда эълон шудааст. Рақиби аслии ӯ Барак Обама ба дарёфти 36 дар сади раӣъҳо муваффақ гардид.