Михайил Саакашвилӣ интихоби дубораи худ ба мақоми раёсати ҷумҳури Гурҷистонро таҷлил мекунад, аммо мухолифони давлати ин кишвар аз пазируфтани натиҷаҳои интихоботи зудрас сарпечӣ доранд.
Кумиссиёни Марказии Интихоботи Гурҷистон эълом кард, ки бар асоси натиҷаҳои тақрибан такмилшудаи интихобот, Михайил Саакашвилӣ бештар аз 52, 8 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст, ки барои пирӯз шудан дар даври аввали интихобот кофист.
Номзади аслии мухолифон Леван Гачечиладзе 27 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Тарафдорони мухолифон дар Гурҷистон натиҷаҳои интихоботро сохта хонда ва хостори баргузории даври дуввуми интихобот шудаанд.