Муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар соли 2007

Гурӯҳи мардикорони тоҷик дар Маскав

Дар оғози соли 2007 аз 15-уми январ Қонуни нави Русия дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ эътибор пайдо кард.

Русия мехост бо ин қонун муҳоҷирати хориҷиёнро танзим кунад, зеро аз кишварҳои Шуравии пешин шумораи зиёди муҳоҷирини корӣ дар ин кишвар ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекарданд. Муҳоҷирини кории тоҷик аз ҷумлаи онҳо буданд. Тибқи ин қонун бими он мерафт, ки 80 дарсади муҳоҷирини кории тоҷик аз Русия хориҷ шаванд. Чунин вазъ мақомоти расмии Тоҷикистонро низ ба ташвиш оварда буд. Онҳо медонистанд, ки дар сурати иҷрои ин қонунҳо ихроҷи тақрибан саросарии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия оғоз хоҳад шуд.


Шукурҷон Зуҳуров, ки тоза вазири кор ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон таъйин шуда буд, ин душвориҳоро эътироф мекард. Вай соле пеш дар ҳамин рӯзҳо ташвиши худро ба матбуъот ин гуна изҳор дошт, ки «қарорҳои ахир ва қонунҳое, ки дар Русия қабул шудаанд, албатта, кори зиёдеро талаб мекунад. Ташвиш ҳам мо дорем аз ин кор. Аз 15-уми январ то 1-уми апрел тахминан 40 фоизи ононе, ки дар бозорҳо ва мағозаҳо кор мекунанд, кам карда мешаванд ва аз 1 апрел ин ставка ба сифр баробар мешавад, яъне ҳеҷ кас аз шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар ин соҳа кор накунад. Ба ҳисоби мо чанд ҳазор шаҳрвандони мо низ ба тиҷорат машғуланд ва мумкин аст онҳо бекор монанд...»

Вале дар давоми сол сарнавишти ин гуна одамон ба куҷо расид ва мақомоти Русия барои иҷрои қонунҳои худ чӣ кор карданд?

Барои шунидани ин барнома ишораи аудио дар кунҷи рости болоии сомонаро клик кунед.